ДӮСТӢ. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ шанбегии умумӣ гузаронида шуд.
Дар ин чорабинии муҳим фаъолони ноҳия дастаҷамъона иштирок карда, баҳри ободии боғи мазкур саҳми арзандаи худро гузоштанд.