БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ – САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ТАҲКИМБАХШИ ЭЪТИМОД БА ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Истиқлолияти кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро  дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи  ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар пеши назари оламиён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра илмдор созанд.

Танҳо ҳамкории мутақобилан судманд дар солҳои захираҳои об ба ҳалли  масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳифзи табиати минтақа ва ҷаҳон ба нафъи ҳамаи мардуми он мусоидат хоҳад кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои  то ба имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани барномаи амалиёти иловагӣ дар робита  ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё,  тағйиёрбии иқлим, офатҳои  табиӣ, норасоии об ва дигар ҳаводиси марбут пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои  рушди  устувор дар қисмати об Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об  барои рушди устувор солҳои 2018 – 2028” – ро эълон намуданд, ки идомаи иқдомоти қаблии созандагӣ мебошад. Он  бо ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва тавсеаи ҳамкори миёни  кишварҳо метавонад барои қулли башарият  манфиатовар бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳсор буда, зиёда аз нисфи  масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид, Тоҷикистонро  ба ватани птряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, Осиё Маркази ҷойи аввалро  ишғол менамояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки  манбаъҳои обии кишварро оқилона истифода намуда, дар беҳбудии вазъи  таъминоти аҳолӣ бо саҳми бештар гузорем.

Об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он ягон мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад.

Талабот ба оби нушокӣ дар ҳама соҳаҳо саноату кишоварзӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи инсон дар ҳоли  афзоиш аст, ки аз обӣ нӯшокӣ  танқисӣ мекашанд.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти  олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву  озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва озодагиву пурбаракат ҳама аз об вобастагӣ дорад.

Обро инсон барои нӯшидан, пӯхтани хӯрок, обёрии заминҳо, тозагии кӯчаҳо истифода мебарад. Кори ягон нафар бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъи тайёр кардани коғаз, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода  мебаранд.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани  инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию  нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин нигаҳ медорад.

Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон  растанӣ ва гулу гиёҳ намурӯяд.

Мо Тоҷикистониён аз сероб будани  сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем.“ Об ҳаст, ободӣ ҳаст” мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида, инсон нафас рост мекунад.

Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй,  таровату пояндагӣ мегирад. Бе об ҳаёт маъно надорад. Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои  рушду устувор, солҳои 2018  - 2028” аст, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба об ва истифодаи самараноки он аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷониби дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об  дар арсаи байналмилалӣ бори дигар пешниҳоди муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард.

Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби тоза  974 дарё, 14 ҳазору 509 адад пирях, 1 ҳазору 300 кӯл, 187 км кубӣ обҳои зеризаминӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳар як шаҳрванди кишварро  мебояд, дар татбиқи даҳсолаи зикршуда дар доираи имконияти худ саҳм гузорад.

Бо ин амал худи мо  бори дигар муттаҳид буданамро дар атрофи  Пешвои миллат собит  намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба  муҳимияти пешниҳодоти ин абармард муътақид месозем.

Воҳид  Дилафрӯз  Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg