ВОСЕЪ. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Восеъ боз як гӯшаи диёрамон обод шуда истодааст.
Бо ташаббус ва дастгириҳои соҳибкорони ватандӯст, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Азизов Саймухтор ҳудуди 1 ҳазору 250 метр роҳҳои байни деҳаи Гулистон сангфарш карда шуд.
Сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ дар Аксия ҳизбии “Якҷоя месозем” фаъолона иштирок намуда, дар тахту ҳамвор кардани роҳ кумаки хешро расониданд.
Сокинони деҳаи номбурда иброз намуданд, ки омода ҳастанд дар чунин аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоранд.