БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори НИХӢ” вохӯрии гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо соҳибкорону мизоҷон аз аъзои ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ Саидов Ш., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳакимова Волида, намояндагони МНДСЭ, бахши ҷавонон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Баромадкунандагон доир ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, мубориза бо коррупсия, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доної китоб аст», «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, пешгирии зўроварӣ дар оила, нашъамандї ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. Масъулин кайд карданд, ки имрӯз давлат ва ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии насли наврас як қатор тадбирҳои лозимиро андешида истодааст, ки барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, махсусан насли наврас нигаронида шудааст. Аммо, баъзе аз насли наврасро метавон вохӯрд, ки ба ҷои саводомӯзиву донишазхудкунӣ ба корҳои ношоиста даст зада, ба номи волидонашон доғ меоранд ва ҳаёти худро низ зери хатар мегузоранд. Вазифаи мову Шумо насли калонсол аз он иборат аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия карда, хатару таҳдидҳои номатлуби ҷаҳони муосирро ба онҳо фаҳмонем.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки оғоз аз моҳи майи соли равон гурӯҳи тарғиботӣ ба фаъолияти худ дар шаҳри Бохтар оғоз бахшида, дар бозорҳои “Ҳоҷӣ Шариф”, “Фаровон -Қӯрғонтеппа” ва дигар марказҳои хизматрасонӣ бо соҳибкорону фурӯшандагон ва сокинон чунин вохӯриву суҳбатҳо доир намуда истодаанд.