БОХТАР. Дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст, - гуфт Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни вохӯрӣ бо хонандагону волидони онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёни умумии №9-и шаҳри Бохтар.
Вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони ҳизбӣ бо хонандагону волидони онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёни умумии №9-и шаҳри Бохтар доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Сафарзода Гулбаҳор намояндаи ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндаи шуъбаи маориф, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар идома баромадкунандагон оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, муқовимат бо коррупсия, маданияти шаҳрнишинӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва хуррамгардонии шаҳр, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, маданияти истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии интернет, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва ғайра ибрози ақида карданд.