БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ВАЗИФАҲО МУШАХХАСАНД, АМАЛ МЕБОЯД

А.ҶОМӢ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, машварати васеъӣ кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки васеъӣ аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии  ноҳиявӣ баргузор гардид.

Зимни суханрониашон Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар баробари корҳои дохилиҳизбӣ, иброз дошт, ки ҲХДТ  низ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа  гузоштааст,ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.

Ҳамчунон қайд карда шуд,ки бо мақсади амалии ин ҳадафҳо ҷадвали кории гурӯҳҳои таблиғотӣ омода карда шуда, он дар баробари гуфтаҳои боло дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки зимни мулоқоташон бо аҳли ҷамоатчигии вилояти Хатлон дар ноҳияи Қушониён аз  26 марти соли ҷорӣ баргузор кардаву дар он фаъолонро муваззаф намуда буданд, бояд  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз оғоз намуда, то баргузории ҷашни асосӣ,ки  9 сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, бояд  дар ҳар як оила, маҳаллаҳою ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg