ҶАЙҲУН. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаҳои ҷамоати шаҳракии Дӯстӣ бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.
Масъулин зимни суҳбат қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аъло сифат ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳурро зарураст, ки корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.
Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.