ХУРОСОН. Хоҷагии деҳқонии «Иқболӣ» - и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта ва дигар сабзавотҳоро ба роҳ мондааст.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидасрор Ғуломов ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки дар заминҳои холишуда аз ҳосили якум кишти такрории зироатҳои кишоварзиро анҷом диҳанд.