ФАРХОР. Бо мақсади истиқболи сазовор аз Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва футбол миёни ҷавонону наврасони ноҳия зери унвони “Ҷавонӣ айёми некномӣ” баргузор гардида истодааст, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 10 даста аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доранд.
Даври финалии мусобиқа баргузор гардида, ғолибон дар вазъияти тантанави бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шуданд.