ДӮСТӢ. Бо мақсади тарғиби бештари озмунҳои ҷумҳуриявӣ, зери унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва "Илм фурӯғи маърифат", ки бевосита бо иқдом ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, кормандони Кумитаи иҷроия, миёни ҷавонон ва хонандагон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Др суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми баргузории озмунҳо, инчунин нақши тарбиявии озмунҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро шарҳ медиҳанд, тоин ки ҳарчи бештар доираи васеи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ин озмунҳо ҷалб карда шаванд.