БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф сарчашмаи маърифат ва соҳаи афзалиятнок аст

ҲАМАДОНӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шарифзода Сафаралӣ ва Муродалӣ Шамсов бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки Москва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ Шарифзода Сафаралӣ оид ба суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон суханронӣ карда,  инчуни н дар ин раванд дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ миёни занону бонувон, риоия талаботи қонунҳои миллӣ, гирифтани пеши роҳи  исрофкориву худнамоӣ  дар иди шарифи Рамазон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои  сироятӣ,  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн ба таълиму тарбияи фарзандон  андешаронӣ намуд.

Дар охир  6 нафар омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1, ки барои аъзо шудан ариза пешниҳод карда буданд,  дар вазъияти  тантанавӣ билетҳои ҳизбиро соҳиб шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg