БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРАСОН БОЯД ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДОГОҲӢ БА ВОЯ РАСАНД

ВОСЕЪ. Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон ирода ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад, қайд кард, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни вохӯрӣ бо мураббияҳои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия.

Зимнан қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ҷавонон ва наврасони имрӯза бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ ба воя расанд.

Ҳамзамон раиси ташкилоти ибидоӣҳизбии номбурда Гулизор Аҳмадова  қайд намуд, ки таълиму тарбия намудани насли наврас танҳо аз мураббияҳо не балки  аз ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Мо низ кӯшишба харҷ медиҳем, ки кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.

Дар охири вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии болозикр дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg