ВОСЕЪ. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дарсҳои курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида мешавад.
Ин навбат бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ва пурғановати тоҷикон шахси соҳибтаҷриба, собиқадори ҲХДТ Азимов Иброҳим ба ҷавонон дар мавзӯи “Ташаккули фарҳанги миллӣ” дарс гуфт.
Зимни дарс устод қайд намуд, ки фарҳанги миллии тоҷикон чанд ҳазорсола ва ғанӣ аст. Тоҷикистон кишвари форсизабонон, воқеъ дар Фарорӯд ва Осиёи Миёна аст, ки ин маворид забони тоҷикӣ ва таърихи пурфарозу нишеби ниёгони тоҷикон, фарҳанги Тоҷикистонро ташкил додаанд. Тоҷикистон русуму ойинҳои маҳаллии бисёре дорад, ки бархе аз онҳо монанди Наврӯз дар миёни кишварҳои минтақа низ мавҷуд аст.
Бояд қайд намоем, ки иштирокдорони курс аз ин дарс маълумотҳои зиёдеро аз худ намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.