БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШИ СИЁСӢ СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки котиби ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Обшорон» Пардаева М., кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Обшорон ва раисони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот масъулини ҳизбӣ  вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва омода кардани банкаҳои консерва аз мевагӣ ва сабзавот, захира кардани ғалладонагӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ҷиҳати рангубор намудани ҳар як хона ва ободонии маҳалли зист  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg