ПАНҶ. Тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир буда, аз ҳар як ҷавони худогоҳу худшинос ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.
Бо ин мақсад ба хотири ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ як гурӯҳ ҷавонон баъди чанд муддате мактаби миёнаро хатм карданд, бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ либоси ҳарбӣ ба бар намуда, аз вазъи хизмат ва шароити хизматии аскарон аз қисми ҳарбии 0306 – и ҳудуди ноҳия дидан намуданд.
Ба гуфтаи афсарон ва сарбозони ин қисми низомӣ бо ибтикори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми вазъ ва шароити хизмат дар ин макон тадриҷан дигаргун гардида, ҳар як иншоот ва майдончаҳои бунёдгардида, ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Дар робита ба ин роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ Холов Диловар қайд кард, ки артиш василаи муҳими мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он Истиқлолияти комили худро таъмин намояд.
Аз ин лиҳоз, хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ мебошад. Пас ҷавонони саодатманди моро мебояд, ки дар рӯҳияи садоқат ба Президент -садоқат ба Ватан, самимият ба Президент самимият ба миллат ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия ёфта ба камол расанд.