БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯГОН ВАҶАБ ЗАМИН БОЯД БЕКОР НАМОНАД ВА АЗ ЗАМИНҲО ТО СЕ ҲОСИЛ БАРДОШТАН ЛОЗИМ АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   ҷиҳати  иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии  ҳизб вобаста ба афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, захираи  кофии  маводи хӯрока, истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,   ҳамарӯза   дар  деҳот бо  усули  «хона  ба  хона» корҳои фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  намуда,  истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ  истеҳсолу  захираи  кофии маводи  хӯроквории сокинонро  дида  баромада,   бо онҳо суҳбатҳои самимона анҷом медиҳанд.

 Ин  навбат  масъулин бо  сокинони деҳаи  20- солагии  Истиқлоияти ҷамоати  деҳоти Фирӯза  вохӯриҳо  баргузор намуда, ба  хонаҳои  сокинон  ташриф  оварда,     истифодаи  самараноки  заминҳои наздиҳавлигиашонро  дидан карданд. Ҳамчунин   вусъати  корҳои  созандагию  ободонӣ   ба  истиқболи сазовори 30-  солагии  Истиқлолияти давлатӣ, рангу  бори манзили  зист, татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими анъана  ва  ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд», моҳияти  қонунҳои  миллӣ ва  дар  ин  замина  дуруст  сафарбар  намудани  хайру  сахо махсусан  оростани  дастархони  оддии   идона  дар  рӯзи  Иди  саиди  фитр  мулоқоту  суҳбатҳо   баргузор намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg