БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШВИҚИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ХУРОСОН. Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» , ки бевосита бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Назаров Аъзамҷон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №11 – и ноҳия суханронӣ намуда, ҳадафу мароми баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявиро ба хонандагон расонид.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg