ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза аз рафти тайёрии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, Илм - фурӯғи маърифат” ва “Мо бо шумоем” дар муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Бо иштироки онҳо чунин вохӯрӣ ва суҳбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 – и деҳаи Шехмизони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд. Дар суҳбат хонандагон пеш аз ҳама ба хондани асарҳои бадеӣ ва дигар китобҳои соҳавӣ талқин карда шуда, аҳамияти хондани китоб дар инкишофи ҷаҳонбинӣ, нутқ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва парваридани дигар хислатҳои неки инсонӣ дар симои қаҳрамонҳои асарҳо қайд гардид. Боиси қаноатмандист, ки таваҷҷуҳи хонандагон баъди ташкили чунин озмунҳо ба хондани китоб хеле зиёд гардидааст.