ХОВАЛИНГ. Дар арафаи иду дигар санаҳои фархунда дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидани кумак ба шахсони маъюб, беморони бистарӣ ва дигар шахсони муҳтоҷ ба ёрию мадад ба соҳибкорон, одамони хайрхоҳу хайрандеш, роҳбарони ташкилоту муассиса ва вакилони мардумӣ анъанаи нек гардидааст.
Дар ин амали хайру савоб соҳибкорон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг ҳам саҳмгузоранд.
Дар арафаи иди шарифи Рамазон кумаки яквақтаинаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ Азизулло Муродов дар ҳамкорӣ ба Кумитаи иҷроия, аз қабили орд, пиёз, картошка, гӯшт, сабзавот ва шириниҳои идона ба ҷавони маъюби гурӯҳи якум Абдузоир Каримов ва бемори бистарӣ собиқадори меҳнат Аҳёнова Фазилат расонида шуд.
Кумакгирифтагон миннатдории худро аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азизулло Муродов изҳор доштанд.