БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН РӮЗИРАСОНИ МАРДУМ АСТ

ХОВАЛИНГ. Истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ мавзӯи доимии суҳбати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар мавсими кишту кори баҳорӣ  ба соҳибхонаҳо мебошад.

Онҳо ҳамарӯза бо усули “хона ба хона”  ва дар саҳро бо мардум вохӯрӣ доир намуда,  онҳоро барои истифодаи самаранок аз замин ва аз он рӯёнидани ду ва зиёда ҳосили фаровон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидояту роҳнамоӣ менамоянд.

Онҳо  бо усули “хона ба хона” дар деҳаи  Саросёби ҷамоати деҳоти  ба номи Ғаффор Мирзо  чунин суҳбатро доир карданд. Дар ин рӯз онҳо тавонистанд, ки ба бештар аз 50 оила оид ба масъалаи мазкур суҳбатҳои муфид доир созанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg