БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ПУШТИБОНИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

ХОВАЛИНГ.  Дар деҳаи Шехмизони ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  оид ба  иҷрои масъалаҳои ҳалталаби ҳаёт бо сокинон суҳбат доир карда шуд.

Дар суҳбат пеш аз ҳама оид ба  сари вақт бартараф намудани зарари офати табиии шаби 4 – ум ба 5 – уми майи соли 2021 дар натиҷаи боридани сел ба хоҷагии халқи ноҳия расонидашуда ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом додани кишту кори баҳорӣ сухан рафт.

Масъалаи дигаре, ки мавриди муҳокима қарор дода шуд, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, бо омодагии пешакӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин  иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яке  аз  масъалаҳои суҳбати доиргардида буд.

Аз баромадҳо  чунин хулоса кардан мумкин аст, ки  сокинони деҳа барои ислоҳи зарари офати табиӣ, сазовору арзанда пешвоз гирифтани санаи фархундаи  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азми қавӣ доранд. Онҳо аз қонунҳои миллии қабулгардида якдилона пуштибонӣ намуда, иҷрои онро ба манфиати худ ва ояндаи неки фарзандони худ медонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg