АНДЕША. Ҳамасола дар кишвари мо ҷашну идҳо қайд карда мешаванд. Сокинон барои таҷлили онҳо маводҳои хӯрокворӣ харидорӣ намуда, дастархони идона меороянд. Дар ҷашну идҳо хешону наздикон ва ҳамдеҳагони ҳар як нафар барои дидорбинӣ омада, аз аҳволи якдигар бохабар мегарданд. Барои ҷашну идҳо бештари сокинон хонаҳо, кӯчаҳоро ободу зебо менамоянд, то ки меҳмонон бо табъи хуб ба хонаи онҳо ташриф оранд.
Баъзан тиҷоратмандон аз чунин вазъият истифода намуда, барои бештар ба даст овардани фоида ҳар гуна найрангро истифода мебаранд. Масалан боварӣ доранд, ки шумораи мизоҷон ва талабот яку якбора меафзояд ба таври сунъӣ арзиши маҳсулотро боло бардошта, фоидаи калон ба даст меоранд. Аз ҷониби дигар дар ин рӯзҳо соҳибкорон бо якдигар забон як карда, арзиши маҳсулоти ниёзи мардумро гарон карда пешниҳод менамоянд. Ин вазъият ҳамасола дар бозорҳои мо мушоҳида мегардад. Ҳамасола идҳои Рамазон ва Қурбон аз ҷониби мардуми мусалмони кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мардум барои ба ҷо овардани амалҳои хайру эҳсон дастархон ороста тамоми хӯрокҳои боллазатро барои наздикон ва ҳамсояҳо рӯи дастурхон мегузоранд. Вале амали ноҷавонмардонаи баъзан тиҷоратмандон ба нафарони камбизоату нодор ва оилаҳои сатҳи миёна таъсири манфӣ мегузорад. Чунки онҳо ҳангоми харидории маводи хӯрокворӣ маблағҳои зиёдро харҷ менамоянд.
Аз ҷониби ташкилотҳои дахлдор дар баъзан шаҳру ноҳияҳо бо мақсади танзими нарх ярмаракаи маҳсулоти ниёзи мардум ташкил карда мешавад, ки ин омил метавонад дар муътадил нигоҳ доштани нарх саҳмгузорӣ намояд. Дар шароити имрӯза худи шаҳрвандонро зарур аст, ки дар самти танзими нарх масъулиятшинос бошанду аз харидории маҳсулоти гаронарзиш худдорӣ намоянд. Хубтар он аст, ки дар рӯзҳои ид таомҳое, ки маҳсулоташ қимат аст, накарда ба ҷойи он хӯрокҳои дастрас ва бо арзиши кам омода намоянд. Дар чунин сурат мо метавонем дар бозори хӯрокворӣ арзиши маҳсулотро муътадил нигоҳ дорем.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ