БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО ДАР МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМА КИШВАРҲО ЯКТАНУ ЯКДИЛ НЕСТАНД?

ВОКУНИШ. Имрӯз баъзе мамолики ҷаҳон ба монанди Афғонистон, Ироқ, Яману Сурия ва  давлатҳои қитъаи Африқо аз тарафи террористону экстремистон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба майдони куштори одамони ғайринизомии  бегуноҳ – пирону барҷомондагон, кӯдакон, занону духтарон табдил ёфта бошад, давлатҳои дигар аз таҳдиди ин вабои аср дар амон нестанд. Имрӯз касе кафолат дода наметавонад, ки имрӯз ё пагоҳ чунин амалҳои ғайриинсонӣ, ки дар давлатҳои номбурда  қариб ҳамарӯза ба амал оварда мешавад,  дар кишварашон рух намедиҳад.

Чанд рӯз пеш шоҳиди як амали ваҳшиёнаи девбашарагон дар шаҳри Кобули Афғонистон гардидем.  Ба амал овардани се таркиши пай дар ҳам дар назди муассисаи таълимӣ, ки дар он аксар духтарон таълим мегиранд, боиси марги сад духтари синни 18 сола ва захмин гардидани даҳҳо нафар гардид. Таркишҳо ҳамон вақт ба амал оварда шуданд, ки духтарон баъди анҷоми машғулият ба хонаҳояшон  бармегаштанд.

Дар тасвири ин ҳодисаи маргбор кас сухан намеёбад. Сухани сазоворе намеёбад, ки нисбати баамаловардагони ин фоҷиаи умумибашарӣ   баён намояд.

Вақте одам дар навор дар ҳар ҷо китобҳои хунолуди парокандаи   духтаракони ормониро мебинад, аз худ бехуд мешавад. Нафрати худро нисбати онҳое, ки ин  одамбашараҳои девсириштро дастгирию пуштибонӣ мекунанд, баён менамояд.Вале бо баёни нафрат ва маҳкум намудани амалҳои террористӣ  терроризму экстремизмро аз байн бурдан имкон надорад.

То он даме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама давлатҳои абарқудрату қудратталаб дар ин мубориза фаъолона  ширкат наварзанд, яъне онҳоро дастгирӣ нанамоянд, терроризму экстремизм боқӣ мемонад  ва чун бод дар рӯи дунё сайр менамояд ва  бо баамал овардани ҳодисаҳои   ваҳшатбор   аз худ дарак медиҳад.    Ин сухани нав нест, ки мо дар ин ҷо онро баён доштем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору  ду бор сари ин масъала дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конференсияҳои ба масъалаи мубориза ба терроризму экстремизм бахшидашуда ба таври возеҳ баён намудааст, ки на ҳама давлатҳо дар муқобили терроризму экстремизм назари якхела доранд.  Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки  барои манфиати худ аз як тараф ташкилотҳои террористиро тарафдорӣ ва ҳатто барои ба амал овардани  амалҳои ваҳшиёна тайёр менамоянд ва  аз тарафи дигар ба муқобили онҳо мубориза мебаранд.

Сардори давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куштори хонандагони мактаби мазкурро маҳкум намуда,  ҳамдардии худ ва миллати тоҷикро ба оилаҳои мусибатзада ва мардуми азияткашидаи Афғонистон изҳор доштанд.

Ин ҳодиса ва дигар фоҷиаҳои мардуми ҳамсоякишвар моро водор менамояд, ки ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем,  Ватани худро самимона дӯст дорем  ва барои ҳифзу нигаҳдории  он ҳамеша омода бошем.

Вазифаи ҳар як падару модари тоҷик  дар ин замони пуртазод аз он иборат аст, ки фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ, ватандорию ватандӯстӣ, оштинопазирӣ  нисбати душманони давлату миллат, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ташкилотҳои ифротӣ тарбия намояд. Дар хотир бояд дошт, ки Тоҷикистонро ба ғайр аз фарзандонаш дигар касе  обод  ва ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд. 

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg