НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар - машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Гирдоб” вохўрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯри вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сайдалӣ Одилов оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, пешгирии исрофу исрофкорӣ, омилҳои сироятшавии ҷавонон ба ВНМО баромад намуд. Сипас аъзои гуруҳи таблиғотӣ Искандар қаландарович оид ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифз намудани арзишҳо ва фарҳанги миллӣ,тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстию меҳанпарастӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хуроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар суханронӣ намуданд.