ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории Аксияи муштараки амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”
дар 7 қабристони ноҳия, аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сармантой-2» аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо мақсади тоза намудани гирду атроф ва дохили манзилгоҳи деҳа ба ҳашар баромаданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ сокинон ба тоза намудани гирду атрофи қабристон машғул шуданд.
Дар ин ҳашар зиёда аз 187 нафар аъзои фаъоли ҳизб, сокинони маҳалла ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонро ба иҷро расониданд, ҳамзамон дар ин аксия имомхатиби маҳалла низ иштирок дошта, иқдоми неки ҳизбиёнро бо хушнудӣ пазируфт.