НОРАК. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак барои дастгирии кӯдакон ва наврасони лаёқатманди аз 6 то 18 сола, ки ба гурӯҳи маъюбӣ шомиланд, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Дар оғози озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Норак Гулмуродзода Қумриниссо баромад намуда, ҳозиринро бо 76-солагии Рӯзи Ғалаба, иди Саиди Фитр ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз дастгирию эътибори Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону наврасони имконияташон маҳдуд ёдрасӣ кард. Дар озмуни мазкур аз тамоми деҳаҳои шаҳр кӯдакону наврасони маъюб бо волидонашон иштирок намуда, аз рӯи се номинатсия - маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ баромадҳо карданд.
Дар ҷамъбасти озмун ба ҳамаи наврасони маъюб маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак супорида шуда, 4 нафар иштирокчиёни озмун ба даври дуюми озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.