КӮЛОБ. Нимаи дуюми рӯзи 11.05.2021 бар асари борони пуршиддат дар қисме аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб селзанӣ ба назар расида, наздики 300 хона тахриб (осеб) диданд.
Дар ин росто субҳи рӯзи 12.05.2021 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб якҷо бо волонтёрон - азъои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои ёрӣ расонидан ба хонаводаҳои осебдидагон ба маҳаллаи “Хати роҳ”-и шаҳр равон шуда, манзили зисти сокинони маҳаллаи болозикрро аз харобиҳои сел тозаю озода намуданд.
Минбаъд низ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб омода аст, барои кумак ба оилаҳое, ки аз ин гуна офатҳои табиӣ зарар мебинанд, саҳми худро гузорад.