КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳал ҷиҳати ҷамъоварии иттилооти маъюбон вохӯрӣ доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки амали мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, барои дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кардани эълонҳо ҷиҳати ҷалби кумакҳои пулию моддӣ барои дастгирии маъюбон ба роҳ монда мешавад.