КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Сафаров” бо мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Таварзода Азизҷон даври умумимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Озмун аз рӯйи 5 номинатсия баргузор гардида, ғолибон бо ифтихорнома қадрдонӣ ва ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ,инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумӣ, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ давра ба давра баргузор гардида истодаанд.