БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осудагии рӯзгори мардум ҳадафи асосии ҲХДТ

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Толеи нави ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо сокинони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара аз 02.06.2018, афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ, муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия мувофиқи нақша идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg