БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ЯК ПОРЧА ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА ХОҲЕМ БУРД

ҚУБОДИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маводи хӯрока ва нигоҳдории тарзи ҳаёти солим дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда,   таъкид карданд, ки дар ин давраи буҳрони иқтисодӣ мо бояд ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода барему зиндагии хешро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg