ДӮСТӢ. Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, довталабона хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари ҷавонон, барои иштирок дар раванди созандагию бунёдкориҳои кишвар ва фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзию илмомӯзӣ, миёни ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ курси омӯзишӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи зери унвони "Созандагони Ватан" гузаронида шуд.
Дар курси омӯзишӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ма масъулаҳои муҳими рӯз андешаронӣ карда, ҳамагонро ба роҳи ватансозӣ, дӯст доштани меҳан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ карданд.