ВОСЕЪ. Дар деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак дар асоси иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оидба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони“Рӯзиёдоварӣ”гузаронида шуд.
Дар Аксияи мазкур сокинони деҳаи номбурда, имомхатиби деҳа, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва ҷавонони деҳа фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, иштирокдорон дохили оромгоҳро аз алафҳо тоза намуда, ба дарахтони сояафкан барои гарм омадани боду ҳаво об доданд.
Сокинон дар навбати худ иброз намуданд, ки дар ин моҳи муборак барои шод намудани рӯҳи гузаштагони хеш дар Аксияи ҳизбӣ иштирок намуда, саҳми худро дар тозаву озада нигоҳ доштани қабристонҳо мегузоранд.