БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРУХ - ХОКИ МУҚАДДАСИ ТОҶИКИСТОН

ВОКУНИШ.  Ворух сарзамини аҷдодии миллати тоҷик буда, мардуми мо аз азал то ба имрӯз дар ин хоки муқаддас зиндагӣ карда истодаанд. Дар ин қаламрав мардуми тамаддунофару бофарҳанг ва меҳмоннавоз гирд омадаанд, ки ин хоки аҷдодиро ҳифзу ҳимоя доранд. Тамоми халқиятҳои дунё барои ҳифзи хоки Ватан мубориза мебаранд ва миллати тоҷик низ барои ҳимояи Ватани хеш мубориза бурда истодааст. Ватан маконест, ки мо дар канораш ба камол расида, тарбия меёбем, моро муҳофизат мекунад ва имрӯз бошад баҳри дифои ӯ мо ҷавонон сарбаландона ҷонфидоӣ мекунем.

Дар вазъияти имрӯза, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирѓизистон рух дода истодааст, гурӯҳҳои ифротгару хоинони беватан мехоҳанд, ки аз ин вазъ сӯистифода карда,  ба номи Тоҷикистони мо иснод биоранд. Махсусан «Иқболбӣ»-и бешараф, ки аз ҳама кору пайкори ин нохалаф тамоми хурду бузурги кишвар тавассути филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» огоҳ гардидаанд, имрӯзҳо дар сайтҳои интернетӣ намедонад, ки чи гӯяд, то мардум ба ин шарманда аҳамият диҳанд. Ин пастфитрат, ки номуси мардии худро аз даст додааст, боз шарм надошта, дар ҳаққи ҳукумату давлат ва роҳбарияти он туҳмат мезанад.

Собиқ аъзои ҳизби бо ном наҳзати ислом М. Кабирӣ, Ш. Гадоев ва дигар косалесони бо онҳо ҳамдаст, имрӯзҳо аз ояту ҳадисҳои китобҳои муқаддаси Ислом истифода карда, мардумро фирефтаи доми худ карда, аз хуну пӯсти мардум хонаҳои боҳашамат сохта, ба манфиати худ истифода кардаанд. Ин хоинони миллати тоҷик, қаллоб, дузди моли мардум, бешарм, бевиҷдону бешараф чунон роҳгумзада шудаанд, ки тинҷиву оромии давлату миллатро дидан намехоҳанд. Аз ноилоҷӣ, бахилӣ, нотавонбӣ ва мафкураи паст доштанашон гоҳо худро пуштибони давлату миллат, гоҳо сиёсатмадор, гоҳо ѓамхори муҳоҷирон мегиранд ва имрӯз бошад ба масъалаи марзӣ дахолат карда истодаанд.

Дар вазъияти кунунӣ хоинони Ватан, гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротгаро мехоҳад, ки ба  сулҳу суботи мо халал ворид созанд. Дар расонаҳои интернетӣ ин мухолифин 24 саот дар иртибот ҳастанд. Махсусан роҳбари «Паймони миллӣ» М. Кабирӣ, роҳбари гурӯҳӣ -24 Шарофиддин Гадоев, аъзои гурӯҳи террористии наҳзати исломӣ Иқболбии бадномшуда, худро сиёсатмадор гирифта, ҳаргуна дассисаю иѓвоангезиро нисбати низоъи марзӣ ба мардум расонида истодаанд ва сокинонро ба таҳлука афтондан мехоҳанд.

ар ин маврид моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки шахсони ба мисли М. Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Иқболбӣ ва дигар ҳаммаслаконашон бо гуфтаҳои нохалафонаи худ фикрҳои моро парешон намоянд. Мо бояд дастаҷамъона, дар зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ устуворона қадам занем.

Дӯстро аз душман фарқ намоем. Фаромӯш насозем, ки ҳеҷ вақт Кабирӣ, Иқболбӣ ва дигар пайравонашон ба мардуми кишвар некие карда наметавонанд. Паси гапҳои ин сагони беустухон нагардем. Дар урфият мегӯянд, ки «Саг меҷакаду корвон ба роҳи худ меравад». Имрӯз бошад мо корвони давлату давлатдориро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш ба роҳи худ равон сохтаем. Барои оромии Ватанамон мубориза мебарем, чунки Ворух хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳаст, мемонад ва касе инро инкор карда наметавонад.     

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н.Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg