А.ҶОМӢ. Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд. Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд.Зеро пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, афзуданд намояндагони ҳизбӣ дар чорабинии идона.
Масъулин дар партави сиёсати инсондӯстонаву ватанпарварона ва ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо мақсади аёдат ва дидорбинӣ ба манзилҳои истиқоматии иштирокчиёни ҶБВ сокини деҳаи роҳи Сотсиализми ҷамоати деҳоти Калинин ва истиқоматкунандаи маҳаллаи ҷамоати деҳоти Ифтихор ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи иштирокчиёни ҶБВ пурсон шуда, аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷалби вакили ҳизбӣ-соҳибкори муваффақ Умедҷон Қузибоев барои онҳо кумакҳои яквақтаинаи моддию молиявӣ расонида шуда, ба онҳо таманниёти некро орзу карданд.
Дар амалии ин кори хайр бо Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафармуҳаммад Зарифӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия ва Меҳроҷиддин Мерганов роҳбари гурӯҳи волонтёрии ҳизбӣ бо аъзоаш ҳамроҳӣ намуданд.