БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Рӯзи  ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия суҳбату мулоқотҳоро  бо  ҷавонону  наврасон  баргузор  намуда,  ғамхориҳои  давлату  Ҳукумат  нисбати  насли  ҷавони кишварро миёни наврасон тарғиб менамоянд.

Намояндагони ҳизбӣ бо  ҷавонону  наврасони  деҳаи  Қаро камари   ҷамоати  деҳоти  Наврӯз мулоқот  намуда, таъкид  карданд, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар барои ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, баҳри ояндаи онҳо  чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар маҳз барои ояндаи ҷавонон нигаронида шудааст. Боиси хурсандӣ ва сарфарозии ҷавонони мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми  имсолаи  худ  таъкид  намуданд, ки ҷавонон дар  рушди иқтисодиву  иҷтимоии кишвар  саҳми  бисёр  арзишманд  дошта, дар  ҷомеа  нақши  муосир  мебозанд.  Ин боварии Пешвои  миллат  нисбати   ҷавонони мо ифтихори  бузург  мебошад.  Боварии  комил  дорем, ки  пайравиии ҳамешагии  ҷавонони  мо  бо  Пешори  миллат баҳри   бунёдкории  Ватани  азизамон  -Тоҷикистони биҳиштосо то абад боқӣ  мемонад.

Ҷавонон  аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  руҳбаланд гардида, ифтихор карданд, ки  ҷавонон дар  меҳвари сиёсати  дурандешонаи Пешвои миллат  қарор доронд, онҳоро муҳиму саривақтӣ шуморида, дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки дар пешрафту  шукуфоии мамлакат саҳм арзандаи  худро  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg