Н.ХУСРАВ. Ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллиамон кормандони Кумитаи иҷроия, дар ҳамкорӣ бо бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо дастгирии ходимони дин дар қабристони деҳа Аксияи ҳизбии «Поси хотир»-ро баргузор намуданд.
Сокинон гирду атроф ва дохили оромгоҳро тоза карда, атрофи онро бо панҷара маҳкам намуданд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Поси хотир» зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сурайё аъзои Ситоди ноҳиявӣ «Поси хотир" зимни суҳбат зикр кард, ки анъанаҳои неки ниёгон боиси тақвият ёфтани дӯстиву рафоқати мардум ва хайрхоҳию пос доштани башардӯстиву некандешӣ нисбати насли калонсолу гузашта ва дар рӯҳияи одобу маданияти баланд тарбия намудани насли ҷавони кишварамон, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон мебошад.