Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкориро бо баргузории Аксияҳои ҳизбӣ ҳаматарафа ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот ва муҳайё кардани шароити зиндагии осоиштаи сокинон амалӣ гардонида истодааст.
Дирӯз бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб ва кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия ҷамоати шаҳраки Баҳор Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор намуда, боғи фарҳангии навбунёди маркази ноҳияро аз партофҳо тоза намуда, ба тартиб оварданд. Ҳамчунин бехи ниҳолҳои шинонидашуда, гулу буттаҳоро нарм ва алафҳои бегона тоза намуданд.