ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Фарҳангчиён» Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Обикиик корҳои ободонӣ, нарм намудани бехи ниҳолҳо бо маром идома дорад.
Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки атрофи биноҳои маъмурӣ, гулгаштҳо ва дар маҷмуъ тамоми кӯчаву маҳаллаҳоро бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, гулу гулбуттаҳо оро дода, сарсабзу хуррам гардонанд.
Дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагию ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар додаанд, имрӯз барномаи амалӣ ҳар фарди бонангу ори ҷумҳурӣ гаштааст.
Кабудизоркунӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия муташаккилона идома доранд.