ХУРОСОН. Дар арафаи 76 – умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Иди саиди Фитр аз ҷониби Шеров Абдураҳим вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон ба маъюб Маҳмадқулова Муслима кумаки моддӣ расонида шуд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба расонидани кумакҳои хайриявӣ ба хонаҳои пиронсолон, маъюбону ятимон ва шахсони ниёзманд, вакили ноҳия тасмим гирифт, ки дар муҳлатҳои муайяншуда ба қишрҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонанд.