ХУРОСОН. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир” бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо ҷалби васеъи аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрон дар назди пайкараи сарбози номаълум аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва волонтёрони ҳизбӣ корҳои ободонӣ ва тоза намудани алафҳои бегона, инчунин шинонидани гулҳои ороишӣ саҳм гузоштанд.