ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади корҳои тарғиботӣ ҷиҳати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маводи хӯрока ва нигоҳдории тарзи ҳаёти солим дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва неруи барқ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, ба сокинон шарҳ доданд.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроия ба соардорони оилаҳо маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, дар мавзӯи ҳаёти солим намояндаи “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” бо сокинон суҳбат гузаронид.