ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ баҳри беҳдошти зисту зиндагии мардум бетараф набуда, бо усули “хона ба хона” оид ба самаранок истифодабарии замин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳор” бо аҳолӣ суҳбат оростанд. Зимни суҳбат диққати сокинон ба истифодаи самараноки замин равона карда шуда, қайд гардид, ки барои беҳдошти зисти худ ва пайвандон ҳар яке метавонанд ба кишту кор саҳм гузоранд. Зеро меҳнат шараф аст, самараи он албатта ҳосилбардорӣ карда мешавад ва таъмини озуқавории ҳар хонавода беҳтар мегардад, дар охир ба иштирокчиёни вохӯрӣ варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)