БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ ЯТИМОНУ ДАРМОНДАГОН ВА БЕЧОРАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бахшида ба фарорасии иди Рамазон  аз тарафи ташкилоти ибтидои ҳизбии “Раёсати молия”-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба як оилаи эҳтиёҷманди маъюб, истиқоматкунандаи деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат, Муҳайё Саидова, кумаки яквақтаинаи моддию молиявӣ расониида шуд.

Зимни аёдат кормандони масъули Кумитаи шаҳрӣ ва намояндаи Раёсати молияи шаҳр иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа тавваҷуҳи махсус доранд ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ ва нигоҳубин мекунанд.

Муҳайё Саидова ва модари ӯ Абдуллоева Гулрафтор аз чунин иқдоми некбинона ва аз дастгириву ғамхориҳои фаъолони ҲХДТ миннатдорї намуда, арзи сипоси хешро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати молияи шаҳр баён дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg