БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон дар роҳи ватансозӣ масъулияти бузург эҳсос мекунанд

КУШОНИЁН. Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии  ҲХДТ аз 16.02.2018 оид ба ташкили суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем" бо мақсади ташаккули ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо хонандагони синфҳои 11-и  муассисаи таълимии №20 мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, бо хониши хубу аъло таҳсил намудан дар муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки ободии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз аз шумо ҷавонон вобастагӣ дорад, кӯшиш намоед, ки ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи ватансозӣ сазовору содиқ бошед.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg