БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «МО БО ШУМОЕМ!» ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади татбиқи босамари  ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант озмуни «Мо бо шумоем»-ро баргузор намуд.

Дар Комиссияи озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Суҳроб Валиев, мутахассиси кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯза Набиева, роҳбари мактаби санъати бачагонаи шаҳр Парвиз Баротов ва сармуҳаррири нашрияи «Нури Сарбанд» Орзу Ашӯров иштирок ва доварӣ намуданд.

Дар озмун аслан маъюбони аз синни 6 то 18 сола аз рӯи 3 номинатсия иштирок намуда, ба маҳорати суханварӣ ва қироъати шеър хондани суруд ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул шуданд.

Ҳайати комиссия шеъру суруд ва мусиқиҳои ба озмун пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, ба ҳар яки онҳо баҳои воқеӣ доданд.

Дар охир ба 6 нафар ғолибон дар номинатсияҳои гуногун ва ба 4 нафар барои иштироки фаъол аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо диплом ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg