БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРНАМОИҲО ВА ҚАҲРАМОНИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД

ЛЕВАКАНТ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант ба хотири гиромидошти шаҳидону иштирокчиёни ҶБВ ва ҷавонмардоне, ки қаҳрамонона дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок гардиданд, бо хонандагону омӯзгорон Рӯзи «Поси хотир» гузаронида шуд.

Дар ин рӯз собиқадори фаъоли ҳизб, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло иштирок намуда, аз он хушҳол гардид, ки маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ба хотири гиромидошти қаҳрамонон ва ҷавонмардони тоҷик, ки барои озодии миллат ҷангидаанд, омодагӣ дида, аз даромадгоҳи муассиса сар карда шиору овезаҳоро насб намудаанду ёди он рӯзҳо мекунанд.

Собиқадори ҳизб Ҳикматулло Султонов бо хонандагону омӯзгорон суҳбат ороста, таъкид намуд, ки имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи гитлерӣ 76 сол пур шуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст ва он то ба имрӯз ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном бурда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg