БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати дар арафаи моҳи шарифи Рамазон расонидани кумакҳои моддӣ ба шахсони маъюб ва оилаҳои ниёзманд  бо ҷалби саховатмандон ва эҳсонкорон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зери таваҷҷуҳи ҳамешагии фаъолияти худ қарор дода, пайваста кӯшиш менамояд, ки мувофиқи имконият дасти кумак дароз намояд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ташаббусу мусоидати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва эҳсонкорон як қатор ниёзмандону маъюбон дастгирӣ ёфта, ба онҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Боиси қайд аст, ки ҳамин гуна кумакрасониҳо ба қишри ниёзманди аҳолӣ аз тарафи дигар ташкилоту идораҳои қаламравӣ ноҳия идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg