БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ОИЛА ХУРДТАРИН НИҲОД ДАР ҶОМЕА ШИНОХТА ШУДААСТ

А.ҶОМӢ. Имрӯз бо ҳамкории Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ташкилоти ибтидоии “Оила”-и назди САҲШ-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рузи байналмилалии оила, дар толори “Кохи фарҳангӣ”-и нохияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки оилахои намунавӣ,оилаҳои ҷавони нав ба ҳаёти мустақилона қудум гузошта чорабинии идона баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур, сардори кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, муовини раиси нохия Муминзода Мастура Табарӣ, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва Зебо Раҷабзода-мудири бахши САҲШ-и ноҳия иштирок намуда зимни суханрониҳояшон иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо суханони самими табрику шодбош намуда, қайд намуданд, ки ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар давлат пеш аз ҳама аз ободию дониш ва маданияти мардуми он ва пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.

Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Ин маъно ифодагари он аст, ки бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg