БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ҶИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ...

АНДЕША. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи Гитлерӣ 76 сол пуршуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст ва он то ба имрӯз ҳамчун  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном бурда мешавад.

Шоир Абулқосим Лоҳутӣ оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин навишта буд:  

“Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд”.

Солҳо мегузаранд, аммо ин Ғалаба, он корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои бобоёну падарон доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад  монд, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст».
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зидди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони Гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию  садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди   Шӯравӣ ба даст омада буд.  Ҳазорҳо ҷанговарони диловар фиристодани Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани  халқҳои  Аврупо аз фашистон аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд  нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшаҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Бо ҳамин нияти нек тамоми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  бо 76-умин солагии Рӯзи Ғалаба табрик намуда, тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осударо орзумандам.

Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg